IQNA

Ихроҷи шахсе, ки  ба Қуръон беэҳтиромӣ кард, аз Шветсия

19:08 - October 27, 2023
рақами хабар: 629
Шветсия (ИКНА) мақомоти кишвари Шветсия эълом карданд муҷаввизи иқомати муҳоҷири Ироқие, ки ба Қуръон дар ин кишвар беэҳтиромӣ кард, тамдид нахоҳанд кард ва ӯ аз ин кишвар ихроҷ хоҳад шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, идораи муҳоҷирати Шветсия эълом кард, ки муҷаввизи иқомати Селван Момика муҳоҷири Ироқие, ке чанд бор дар ин кишвар иқдом ба сӯзондани Қуръони Карим карда буд, тамдид нашудааст ва пас аз поёни муддати муҷаввиз иқоматаш аз ин кишвар ихроҷ хоҳад шуд.

Шабакаи телевизионии TV 4 Шветсия дар ин хусус эълом кард, ки Селван Момика баъд аз ихроҷ ба муддати 5 сол аз бозгашт ба Шветсия манъ шудааст.

Ин дарҳоле аст, ки ба гузориши радио Sveriges radio, ин муҳоҷири ироқӣ қасд дорад ба ин тасмим эътироз кунад.

Шабакаи телевизионии SVT Шветсия ҳам дар ин хусус афзудааст, ки ин шаҳрванди ироқӣ дар моҳи апрели соли 2021 дар Шветсия ба унвони муҳоҷир пазируфта шуда ва муҷаввизи иқомат барои се солро дарёфт кардааст. 

Шабакаи SVT пештар гузориш дода буд, ки Селван Момика ба сервиси муҳоҷират фарохонда шуда ва дар моҳи август дидори чандин соатае бо ҳузури вай баргузор шудааст.

Гуфтанӣ аст, ки Селван Момика шаҳрванди ироқӣ дар моҳҳои ахир чанд бор ба сӯзондани Қуръони Карим иқдом кард, ки бо вокуниши шадиде аз ҷониби мусулмонони ҷаҳон рӯбарӯ шуда буд.

Давлати Ироқ аз мақомоти шветсияӣ дархост карда буданд, ки ин фардро ихроҷ ва ба Ироқ таҳвил диҳад то дар ин кишвар муҳокима шавад.

 

captcha